Байден пирӯзи интихоботи Амрико шуд. Ӯ кист?

Ҷо Байден номзади демкоратҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико пирӯз шуд. Ӯ тавонист 290 раъйи коллеҷи интихоботиро ба даст биоварад, ки барои пирӯз эълон шуданаш 270 раъй кофист.  Ҳарчанд ӯро расман пирӯз эълон накардаанд, вале то кунун сарони кишварҳои Конодо, Юнон, Белгия, Олмон ва Литва ӯро бо пирӯзияш табрик карданд.  Барак Обама охирин президенти демкоратҳо низ […]

Ҷо Байден номзади демкоратҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико пирӯз шуд. Ӯ тавонист 290 раъйи коллеҷи интихоботиро ба даст биоварад, ки барои пирӯз эълон шуданаш 270 раъй кофист. 

Ҳарчанд ӯро расман пирӯз эълон накардаанд, вале то кунун сарони кишварҳои Конодо, Юнон, Белгия, Олмон ва Литва ӯро бо пирӯзияш табрик карданд. 

Барак Обама охирин президенти демкоратҳо низ Ҷо Байденро табрик кард. Доналд Трамп раисҷумҳури кунунии ИМА тавонист ҳамагӣ 214 раъй ба даст биоварад. 

Байден соли 1942 дар шаҳри Скрантони Пенсилвания дар оилаи католикҳои румии миёнаҳол ба дунё омадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Вилмингтони иёлати Делавэр кӯчид, ки падараш дар ин ҷо дар тиҷорати мошин муваффақ шуд ва сарватманди калоне шуд.

Ҷо хатмкардаи Донишгоҳи Делавэр ва Донишгоҳи Сиракузи иёлати Ню-Йорк дар риштаи ҳуқуқ аст.

Байден бори аввал соли 1966 бо Нилия Ҳантер, шарикдарсаш дар Донишгоҳи Сиракуз хонадор шуд ва баъдтар онҳо ба Делавэр кӯчиданд. Дар ин ҷо Байден  вакили дифоъ мешавад. Аммо хонаводааш дар ин ҷо дар як садамаи автомобилӣ ҳалок мешаванд. Ҳамсараш бо духтараш мемиранд ва писаронаш бо вуҷуди маҷруҳ шудан, зинда мемонанд.

Байден дар 29-солагиаш сенатор интихоб шуд, ки шашумин сенатори ҷавонтарин дар таърихи Амрико буд. Ва дар тӯли 35 сол ҳеч гоҳ дар интихоботи сенат шикаст нахӯрд. Аз ин пеш ҳам ду бор, солҳои 1988 ва 2008 номзади демкоратҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико буд.

Байден замоне, ки номзад мешуд далели дар пиронасарӣ вориди корзори интихоботӣ шуданашро чунин шарҳ дода буд:  “Агар ба Трамп иҷозат дода шавад, ки чаҳор соли дигар дар қудрат монад, вай хислати мардуми мо, буду шуди моро абадан дигар хоҳад кард ва ман наметавонам дар канор истода, инро оромона тамошо кунам".

Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни мунозираҳо бо Трамп дар моҳҳои сентябр ва октябр Байден тақрибан пешпо нахӯрда, раисиҷумҳурро барои нокомиҳояш дар мубориза бо ҳамагири коронавирус шадидан танқид кард, ки дар охири моҳи сентябр ҷони беш аз 200 000 амрикоиро рабуд.

Ҷо Байден бо шахсияти ором ва ҳамашумулаш худро ба пирӯзӣ расонд. Ба фарқ аз Трамп, ки ҳамеша як шахсияти ҷанҷолӣ ва буҳрониофар дар ИМА буд, Ҷо Байден дар таърихи Амрико аз пирӯзҳои интихоботӣ хоҳад буд, ки бо раъйи бисёр таърихӣ ба пирӯзӣ расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.