Комроншоҳ медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро ба даст овард

Комроншоҳ Устопириён мақоми сеюми қаҳрамонии ҷаҳони самборо дар шаҳри Нови Сади кишвари Сербистон ба даст овард. Комроншоҳ, ки барои раҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ аз варзишгари рус Сергей Рябов шикаст хӯрд, дар сабқат барои мақоми сеюм варзишгари укроинӣ Ярослав Давидчукро шикаст дод. Комроншоҳ дар даври аввал ҳарифаш аз кишвари Мағрибро бо ҳисоби 7.0 шикаст дод, […]

Комроншоҳ Устопириён мақоми сеюми қаҳрамонии ҷаҳони самборо дар шаҳри Нови Сади кишвари Сербистон ба даст овард. Комроншоҳ, ки барои раҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ аз варзишгари рус Сергей Рябов шикаст хӯрд, дар сабқат барои мақоми сеюм варзишгари укроинӣ Ярослав Давидчукро шикаст дод.

Комроншоҳ дар даври аввал ҳарифаш аз кишвари Мағрибро бо ҳисоби 7.0 шикаст дод, вале дар даври дигар сабқатро бо варзишгари рус бо ҳисоби 2.1 бохт.

Дар сабқат барои ҷойи сеюм Комроншоҳ Ярослав Давидчуки укроиниро бо ҳисоби 6.0 шикаст дод ва барои бори сеюм медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро ба гардан овехт.

Имсол ба далели ҳамагирии коронавирус рафтани паҳлавонони тоҷик ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони самбо бисёр душвор шуд. Онҳо баъди иҷозаи ҷониби Узбакистонро гирифтани Тоҷикистон аз Тошканд ба Истамбул ва аз он ҷо ба Белград парвоз карданд.

Аммо ба далели дурии роҳ Комроншоҳ ба маросими вазнкашӣ дертар расид, ки як бор ӯро аз миёни паҳлавонони сабқат берун карданд. Вале дубора бо дахолати мақомҳои варзишӣ ӯро ба сабқат роҳ доданд.

Имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни бузургсолон Тоҷикистонро се варзигари маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов вазни 57, Хушқадам Хусравов вазни 62 ва Комроншоҳ Устопириён вазни 90 муаррифӣ мекунанд. Ду самбокори дигар тоҷик рӯзҳои 7-8-уми ноябр ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар додааст, ки сарфи назар аз ҳамагирии коронавирус имсол 30 кишвар дар сабқати Қаҳрамонии ҷаҳон ширкат мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.