Имрӯз мурофиаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола: Сёминро ба додгоҳ меоранд

Имрӯз 20-уми ноябр баъди танаффуси тӯлонӣ мурофиаи додгоҳии баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падариҲувайдо хабар дод, Ба гуфтаи номбурда, имрӯз соати 11 дар Додгоҳи вилояти Маскав ҳамроҳи ҳимоятгари худ Шавкат Умаров, намояндагон аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Иззат Амон ҳимоятгари муҳоҷирони тоҷик дар Русия […]

Имрӯз 20-уми ноябр баъди танаффуси тӯлонӣ мурофиаи додгоҳии баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падариҲувайдо хабар дод,

Ба гуфтаи номбурда, имрӯз соати 11 дар Додгоҳи вилояти Маскав ҳамроҳи ҳимоятгари худ Шавкат Умаров, намояндагон аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Иззат Амон ҳимоятгари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар наздикони падари Ҳувайдо дар мурофиаи навбатии додгоҳӣ иштирок хоҳанд кард. 

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки, ки ҷониби онҳо омода аст, ки далелҳоро ба додрас дар мавриди даст доштан ва гумонбар будани Александр Сёмин дар қатли Ҳувайдои хурдсол пешниҳод намоянд.

Абдусалом Саидов мегӯяд, бовари ба адолати додрас дорад ва умед дорад, ки ин охирин мурофиаи суди буда, қотили фарзандаш ҷазо мегирад. 

Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли равон аз куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 2 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. Падари Ҳувайдо афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Аммо баъдан наздикони Сёмин ва вакили дифояш гӯё ба далели гирифтори бемории равонӣ будани ӯ кори мурофиаи додгоҳиро кашол доданд.

Аммо Абдусалом Саидов ҳанӯз 1-уми октябр ба  “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки гумонабари қатли духтаракаш дигар бемор нест ва пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.