Тоҷикистон ба Амрико мураббо содир кардааст

Корхонаи  “Субҳи Ватан”-и шаҳри Исфара, ки ба истеҳсоли  афшураҳои меваӣ машғул аст, соли равон бори нахуст  аз Тоҷикистон ба Амрико афшураҳои мева, аз қабили мураббо, шарбати мева (сок) ва ғайраро бо маблағи умумии 17  ҳазор доллари амрикоӣ содир кардааст. Гуфта мешавад, ки ин бори нахуст аст, ки аз Тоҷикистон ба ИМА маҳсулоти консервшуда содир мешавад.  […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Корхонаи  “Субҳи Ватан”-и шаҳри Исфара, ки ба истеҳсоли  афшураҳои меваӣ машғул аст, соли равон бори нахуст  аз Тоҷикистон ба Амрико афшураҳои мева, аз қабили мураббо, шарбати мева (сок) ва ғайраро бо маблағи умумии 17  ҳазор доллари амрикоӣ содир кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин бори нахуст аст, ки аз Тоҷикистон ба ИМА маҳсулоти консервшуда содир мешавад. 

Ин  маҳсулот  тавассути  роҳҳи обӣ бо воситаи Туркия ба Амрико фиристода шудааст. Дар ин бора Наргис Шамсиева  роҳбари намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.

“Корхонаи мазкур асосан  меваҳои нодир ва шифабахши Тоҷикистонро аз  гӯшаву канори кишвар ҷамъоварӣ карда,  ҳар гуна консерваҳо истеҳсол мекунад. Онҳо аллакай бо кишварҳои Аврупо, Туркия, Амрико, Руссия ва дигар давлатҳо  шартнома баста  маҳсулоташонро ба таври муосир  бандубаст карда, ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфта истодаанд.  Ин ҳанӯз оғози кор буда, соҳибкорон кӯшиш карда истодаанд, ки ҳар чи бештар молу маҳсулоташонро ба кишварҳои хориҷӣ содирот намоянд “- мегӯяд Шамсиева.

Ҳоло дар вилояти Суғд ба ғайр аз коргоҳҳои хурд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ба истеҳсоли афшураҳо машғуланд,  16 корхонаи калони истеҳсоли консерв фаъолият доранд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ ин корхонаҳо давоми 10 моҳи соли равон 28,8 миллион қуттии шартии консерва истеҳсол кардаанд, ки  ин шумора  назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 1,5 маротиба зиёд мебошад. Аз ин теъдод  9.8 миллион қуттӣ ба Русия бо маблағи 103 ҳазор доллари амрикоӣ, ба Украина бо маблағи 29 ҳазор доллар ва ба  Белорус ба маблағи 10 ҳазор доллари маҳсулот содир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.