Қотили Ҳувайдои 5-соларо боз ба додгоҳ наоварданд. Ҳанӯз бемор аст?

Александр Сёмин, гумонбар дар қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар мурофиаи навбатӣ, ки рӯзи ҷумъа, 20 ноябр дар Додгоҳи вилояти Маскав баргузор гардид, иштирок накард. Тавре Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода ба “Азия-Плюс” гуфт, гуё бо сабаби пурра шифо наёфтани гумонбар, ӯ дар мурофиаи судӣ иштирок накард ва мурофиаро ба рӯзи дигар гузоштанд, ки ҳоло […]

Александр Сёмин, гумонбар дар қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар мурофиаи навбатӣ, ки рӯзи ҷумъа, 20 ноябр дар Додгоҳи вилояти Маскав баргузор гардид, иштирок накард.

Тавре Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода ба “Азия-Плюс” гуфт, гуё бо сабаби пурра шифо наёфтани гумонбар, ӯ дар мурофиаи судӣ иштирок накард ва мурофиаро ба рӯзи дигар гузоштанд, ки ҳоло рӯз ва соати он низ маълум нест.

“Мурофиаи навбатиро интизор мешавем. Бо сабаьи беморӣ қотили фарзандам натавонистаат дар суд иштирок намояд. Аммо духтурон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ карда буданд. Хеле боварӣ доштам, ки ин  охирин мурофиаи судӣ аст ва ман низ назди оилаи худ баргардам. Чун ман қаблан ҳам гуфта будам, ки то додгоҳ ҳукми одилона набарорад ва ин қотил ҷазо нагирад, ман наметавонам ба Ватан баргардам. Хеле руҳану ҷисман баъди ин суд хаста шудам. Боварии зиёд доштам, ки гумонбар ба ҳамаи суолҳо ҷавоб медиҳад. Вале … ҷониби Сёмин даъво кардаанду боз судро ба вақти дигар гузоштанд”.

Падари Ҳувайд дирӯз дар суҳбат низ гуфта буд ки, ҷониби онҳо омода аст, ки далелҳоро ба додрас дар мавриди даст доштан ва гумонбар будани Александр Сёмин дар қатли Ҳувайдои хурдсол пешниҳод намоянд. Ва гуфта буд, ки боварь ба адолати додрас дорад ва умед дорад, ки ин охирин мурофиаи суди буда, қотили фарзандаш ҷазо мегирад.

Аммо Абдусалом Саидов ҳанӯз 1-уми октябр ба  “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки гумонбари қатли духтаракаш дигар бемор нест ва пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд.

Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли равон аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 2 сол .сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. Падари Ҳувайдо афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Аммо баъдан наздикони Сёмин ва вакили дифояш гӯё ба далели гирифтори бемории равонӣ будани ӯ кори мурофиаи додгоҳиро кашол доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.