Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазор нафар наздик мешавад

Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 23 ноябр 11 ҳазору 894 нафарро ташкил медиҳад. Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 40 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории COVID-19 ошкор шудааст. Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз […]

Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 23 ноябр 11 ҳазору 894 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 40 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз оғози пандемия 86 нафар боқӣ монд.

Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон 42 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 11 ҳазору 271 нафар ё худ 94,7%-ро ташкил медиҳад.

Дар Русия теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус ба зиёда аз 36 ҳазор нафар расид. Аз оғози пандемия дар Русия ҳамагӣ дар беш аз 2 млн нафар бемории COVID-19 ошкор шуда, 1,5 млн нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва боз 478 ҳазору 806 нафар беморон зери муоинаи табибон қарор доранд.

Давоми ҳафтаи сипаришуда дар Аврупо ҳудуди 1,5 млн нафар сироятёфтагон ва зиёда аз 42,5 ҳазор ҳодисаҳои фавт аз он сабт шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.