Эмомалӣ Раҳмон қонуни Буҷаи 2021-ро имзо кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» имзо гузошт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонуни номбурда дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардидааст. Гуфта мешавад, дар қонун ҳаҷми умумии даромаду хароҷоти […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» имзо гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонуни номбурда дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардидааст.

Гуфта мешавад, дар қонун ҳаҷми умумии даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 муайян гардида, қисми даромади он нисбат ба Буҷети соли 2020 ба андозаи 1 млрд. 591, 8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин таъкид мешавад, ки дар Буҷети соли 2021 ба мисли солҳои гузашта бештар ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. Аз ҷумла, афзоиши маблағгузории соҳаи маориф 11,8 дарсад ва тандурустӣ 8,4 дарсад пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.