Қазоқистон бо кумаки навбатӣ иқтидори мудофиавии Тоҷикистонро пурзӯр мекунад

Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки навбатии ҳарбӣ техникӣ мегирад. Созишномаи дахлдор баъди имзои он ҷиҳати тасдиқ ба парлумонҳои ҳар ду кишвар фиристода мешавад. То ба Тоҷикистон расонидани кумакро тариқи роҳи оҳан Қазоқистон ба уҳда мегирад. Мақомоти ваколатдор оид ба амалисозии бандҳои дар санад зикршуда Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо мебошанд. Дар доираи Созишномаи 16 декабри соли 1999 баимзорасида […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки навбатии ҳарбӣ техникӣ мегирад. Созишномаи дахлдор баъди имзои он ҷиҳати тасдиқ ба парлумонҳои ҳар ду кишвар фиристода мешавад.

То ба Тоҷикистон расонидани кумакро тариқи роҳи оҳан Қазоқистон ба уҳда мегирад. Мақомоти ваколатдор оид ба амалисозии бандҳои дар санад зикршуда Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо мебошанд.

Дар доираи Созишномаи 16 декабри соли 1999 баимзорасида байни ҳукумати кишварҳо доир ба ҳамкорӣ дар бахши низомӣ Тоҷикистон мунтазам аз Қазоқистон кумаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ мегирад. Ин кумакҳо соли 2018 ва соли 2019 низ расонида шуданд.

Охирин чунин кумаки расонидашуда аз муҳимоти ҷангӣ, таҷҳизоти муҳандисӣ ва тиббӣ, инчунин воситаҳои алоқа иборат буд.

Дар рейтинги навшудаи ҷаҳонӣ оид ба иқтидори ҳарбӣ (2021 Military Strength Ranking) байни 138 кишвари дунё Қазоқистон зинаи 62-юмро касб намуда, буҷети мудофиавии он 4 млрд доллар арзёбӣ шуд.

Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон бо ҳайати 9-ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ зинаи 99-умро ишғол кард. Зикр шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон  чархбол, танк, мошини зиреҳпӯш, тӯпи вазнини кӯтоҳмил (гаубитса) ва  проектори мушакӣ дар ихтиёр доранд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки соли гузашта Тоҷикистон ба соҳаи мудофиа 79 млн доллар равона кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.