ВКД як узви гуруҳи Эшони Нозимро, дар куштори 26 сол пеш муттаҳам медонад

Нафари гумонбар дар куштор ҳоло 56 сол дошта, боздошт шудааст ва ба ӯ барои куштани як зан охири соли 1995, ки он замон дар Тоҷикистон даргириҳои шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нафари гумонбар дар куштор ҳоло 56 сол дошта, боздошт шудааст ва ба ӯ барои куштани як зан охири соли 1995, ки он замон дар Тоҷикистон даргириҳои шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти ба номи А.Аюдулвосиеви шаҳри Ваҳдат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як зани бегуноҳро куштааст.

“Ҳангоми дар гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадасти Юнусов Нозим бо тахаллуси Эшони Нозим шомил буданаш, 12-уми октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 -дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри мазкур даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калошников ӯро ба қатл расонидааст”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар сурати исбот шудани гуноҳи гумонбаршаванда, ба ӯ якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.