ВКХ: Чин бар Тоҷикистон расман даъвои арзӣ надорад. Навиштаи расонаҳо мавқеи Чин нест

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, ки Чин дар баробари Тоҷикистон дигар даъвои арзӣ ва марзӣ надорад. Навиштаҳои иғвоангези бархе расонаҳои ҷудогонаи ин кишвар мавқеи расмии ҳукумати Чин нестанд, – гуфт вазир дар нишасти матбуотии ниҳодаш. "Нисбат ба он матолибе, ки бархе сомонаҳои ғайриҳукуматии Чин навишта буданд, мо ба вазорати корҳои хориҷии ин кишвар […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, ки Чин дар баробари Тоҷикистон дигар даъвои арзӣ ва марзӣ надорад. Навиштаҳои иғвоангези бархе расонаҳои ҷудогонаи ин кишвар мавқеи расмии ҳукумати Чин нестанд, – гуфт вазир дар нишасти матбуотии ниҳодаш.

"Нисбат ба он матолибе, ки бархе сомонаҳои ғайриҳукуматии Чин навишта буданд, мо ба вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ёддошт (нота) фиристодем. Намояндагони сафорати мо бо намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷии Чин ва ҳамчунин бо раҳбарони ҳамон расонаҳое, ки ин гуна матолибро нашр намуда буданд, вохӯрӣ карданд. Баъди ин дидорҳо ҳамон мақолаҳои иғовбарангез аз сомонаи он расонаҳо пок карда шуд".

Мо дар тамоми бахшҳо ва аз ҷумла дар масоили мавриди баҳс ҳам ҳамкории бисёр хубе бо Чин дорем. Вақте муроҷиат мекунем ҷониби Чин бисёр зуд ҷавоб мегардонад. Ҳама ҷақт аз ҳамкориҳои дуҷониба стратегии ду давлат ёд меорад ва мегӯяд, ки ин чизҳое, ки дар сомонаҳои ғайрирасмӣ нашр мешаванд, ҳеч гоҳ мавқеи расмии мо нест, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамчунин ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳоло миёни Тоҷикистону Чин ҳеч баҳси арзиву марзӣ вуҷуд надорад ва ҳамкориҳои мо дар сатҳи стратегӣ бисёр хуб ҷараён дорад.

Ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар иддаоҳои бунёди пойгоҳи низомӣ аз сӯйи Чин дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшонро рад кард ва гуфт, ки дар Тоҷикистон танҳо як пойгоҳи низомии Русия вуҷуд дораду халос.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Чин мисли кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА дар бунёд ва таҷҳизи постгоҳои марзӣ ба Тоҷикисон ёрӣ мерасонад ва мо ҳамчунин шартномаои байнидавлатӣ барои баргузор кардани тамринҳои муштараки низомиро дорем, ки ин тамринҳо дар вақте, ки ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар поёни соли гузашта ва аввали моҳи январ чанд расонаи чинӣ дар мавриди даъвоҳои арзиву марзӣ бар сари Тоҷикистон матолиб нашр карданд. Чанде аз хабаргузориҳои Чин дар авоили моҳи январ дигарбора дар мавзӯи заминҳои баҳсии Тоҷикистону Чин мақолаҳои нав ба нашр расонданд. 

Пойгоҳи хабарии “Гул баёнгари таърих” (鲜花畅谈历史) , ки бештар доир ба мавзуҳои таърихӣ мақолаву гузориш нашр мекунад, рӯзи 3 январ мақолаеро бо номи “Таърихи Тоҷикистон, ки 9,28 миллион нафар аҳолӣ дорад, аз куҷо сарчашма мегирад?” навиштааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша дар ҳудуди Чин буд”.

Тоҷикистон дар вокунишҳои андаки худ ҳамеша ин даъвоҳоро иғвобарангез ва бепоя хондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.