Сироҷиддин Муҳриддин: Тоҷикистон бо “Толибон” ҳеч тамосу ҳамкорӣ надорад

Тоҷикистон ҳарчанд  аз тамоми минбарҳое, ки дар онҳо музокироту гуфтушунид барои овардани сулҳ дар Афғонистон сурат мегирад, истиқбол мекунад, вале ҳеч гуна тамосу ҳамкорӣ бо гуруҳи "Толибон" надорад, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.  Сироҷиддин Муҳриддин гуфт Тоҷикистон дар мавриди музокироти сулҳи Афғонистон аз мавқеи Кобули расмӣ пуштибонӣ мекунад ва музокирот дар ҳар замина ва минбаре, […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ҳарчанд  аз тамоми минбарҳое, ки дар онҳо музокироту гуфтушунид барои овардани сулҳ дар Афғонистон сурат мегирад, истиқбол мекунад, вале ҳеч гуна тамосу ҳамкорӣ бо гуруҳи "Толибон" надорад, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон. 

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт Тоҷикистон дар мавриди музокироти сулҳи Афғонистон аз мавқеи Кобули расмӣ пуштибонӣ мекунад ва музокирот дар ҳар замина ва минбаре, ки мегузарад бояд, ҳарфи охирро ҳукумати расмии ин кишвар бизанад. 

"Ҳарчанд Тоҷикистон аз таҷаммуъи гуруҳои ифротиву террористӣ дар марзҳои муштаракаш бо Афғонистон шадидан нигарон аст, вале пойбанд ба мавқее аст, ки борҳо изҳор карда буд. Мо ҷонибдори раванде ҳастем, ки аксари мардуми ин кишвар ва ҳукумати расмии он ҳимоят мекунанд".

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистону Афғонистон бо ҳамраисии муштарак дар Душанбе Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё – Раванди Истамбул"-ро баргузор мекунанд, ки ҳузури сарони ду кишвар  – Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар он дар назар аст. 

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Тоҷикистон ин конфронс 29-30 марти имсол баргузор мешавад, ки дар он ширкати ҳузурӣ ва маҷозии вазикрони кишварҳои зидахл пешбинӣ мешавад. Қарор аст, дар ин конфронс кишварҳои зидахл ҳимоятҳои сиёсиву молӣ ва иқтисодии худро аз Афғонистон эълом кунанд. 

Ҳамчунин дар ин маврид, чанд рӯз пеш суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашрафғанӣ низ сурат гиритфа буд, ки сарону ду кишвар рӯзи баргузории конфронсро дақиқ карда буданд. 

Ҳамчунин ин шабу рӯзҳо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон дар Кобул қарор дорад, ки то кунун бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси шӯрои олии мусолиҳаи сулҳ, Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амниятии раисҷумҳури Афғонистон дидор кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.