Даргузашти Шавкат Ниёзӣ дар Маскав: наздиконаш хостори овардани ҷанозаи ӯ шудаанд

Шавкат Ниёзӣ, адиб ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, дар Маскав дар синни 93-солагӣ даргузаштааст. Ин хабарро Талъат Нуъмонзода, хоҳарзодаи адиб ба "Азия-Плюс" таъйид кард ва гуфт, ки адиб имшаб дар хонааш дар Маскав, бар асари беморие, ки дошт, даргузаштааст.  Масъулони Иттифоқи нависандагон гуфтаанд, ки хабари даргузашти Ниёзиро пайвандону наздиконашон ба ин ниҳод расонидаанд. Хоҳарзодаи Ниёзӣ гуфт, ки […]

Шавкат Ниёзӣ, адиб ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, дар Маскав дар синни 93-солагӣ даргузаштааст. Ин хабарро Талъат Нуъмонзода, хоҳарзодаи адиб ба "Азия-Плюс" таъйид кард ва гуфт, ки адиб имшаб дар хонааш дар Маскав, бар асари беморие, ки дошт, даргузаштааст. 

Масъулони Иттифоқи нависандагон гуфтаанд, ки хабари даргузашти Ниёзиро пайвандону наздиконашон ба ин ниҳод расонидаанд.

Хоҳарзодаи Ниёзӣ гуфт, ки онҳо барои овардани ҷасад ба Душанбе ба Иттифоқи нависандагон муроҷиат кардаанд.

«Барои овардани ҷасади Шавкат Ниёзӣ ба Иттифоқи нависандагон муроҷиат кардем. Иттифоқи нависандагон ба Институти забон ва шарқшиносӣ муроҷиат намуданд. Чун, фарзандонашон имконияти оварданашро надоранд», – гуфт Нуъмонзода. 

Ба гуфтаи Талъат Нуъмонзода, агар барои овардани ҷасади Ниёзӣ ёрӣ нашавад, ӯро ҳамонҷо ба хок месупоранд. «Ба мо гуфтанд, ки то се рӯз дар морг (сардхона) нигоҳ дошта мешавад. Се рӯз вақт ҳаст, агар илоҷ нашавад, баъдан дар Тоҷикистон маросими видоъ бо устод гузаронида мешавад».

Шавкат Ниёзӣ бародари нависандаи маъруфи адабиёти даврони шӯравии тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки аз охири солҳои 50-уми асри гузашта дар Маскав кору зиндагӣ мекард. 

Ӯ соли 1927 дар Самарқанд таваллуд ва соли 1948 риштаи забону адабиёти Донишгҳи омӯзгории Душанберо хатм карда буд. Чанде дар ҳамин донишгоҳ устодӣ карда, соли 1957 дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. То поёни умри шӯравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттиҳодия нависандагони шӯравӣ дар Маскав буд. 

Шавкат Ниёзӣ, мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик, Корманди Хидматнишондодаи Маданияти ҶШС Тоҷикистон (1976) ва Корманди Хизматнишондодаи Маданияти РСФСР (1978), профессор, доктори ифтихории АИ театрӣ (1996) буд.

Дар Донишкадаи давлатии ҳунари театрӣ (ГИТИС)-и  Луначарский ва Донишкадаи адабиёти ба номи Горкий устодӣ низ кардааст. Мушовир ва муовини Кумитаи иҷроияи Созмони байналмиллалии Иттиҳодияҳои нависандагони ИДМ низ буд.

Ӯ осори зиёде дар бораи адабиёти муосири тоҷик дар мавриди ҳаёту эҷодиёти Устод Рӯдакӣ, Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, А. Шукӯҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, ҳамчунин А. Пушкин, А. Фадеев ва дигарон эҷод кардааст. Яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои шӯравӣ» (1974) буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.