FIFA ба иштироки мухлисони футбол дар бозии Тоҷикистон – Муғулистон иҷоза дод

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҳузури мухлисон доир мегардад. Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мувофиқа бо Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ин бозиро то 10 ҳазор нафар мухлис дар варзишгоҳ тамошо карда метавонанд. Гуфта […]

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҳузури мухлисон доир мегардад.

Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мувофиқа бо Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ин бозиро то 10 ҳазор нафар мухлис дар варзишгоҳ тамошо карда метавонанд.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ байни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Муғулистон рӯзи панҷшанбе, 25 март соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мегардад. Арзиши билет 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Омодагӣ ба бозии мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022-ро футболбозони тоҷик 19 март дар Душанбе оғоз мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи апрели соли гузашта дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус, баргузории бозиҳои футбол бо ҳузури мухлисон манъ шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.