Тоҷикистону Қирғизистон ду гузаргоҳи сарҳадиро боз карданианд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз, 15 март дар Хуҷанд намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд Омурбек Суваналиевро ба ҳузур мепазирад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд. Ҷонибҳо масоили ифтитоҳи гузаргоҳҳои “Кулунду” ва “Кайрагач” дар ноҳияи Лайлаки Боткандро, ки бар асари пандемияи COVID-19 баста шуда буданд, баррасӣ мекунанд. Ба […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз, 15 март дар Хуҷанд намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд Омурбек Суваналиевро ба ҳузур мепазирад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.

Ҷонибҳо масоили ифтитоҳи гузаргоҳҳои “Кулунду” ва “Кайрагач” дар ноҳияи Лайлаки Боткандро, ки бар асари пандемияи COVID-19 баста шуда буданд, баррасӣ мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, қарори ифтитоҳи гузарогоҳҳои мазкур дар вохӯрии раисони КДАМ Тоҷикистону Қирғизистон ба таври ниҳоӣ ҳаллу фасл мешавад.

“Ба гумони ғолиб, гузаргоҳҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз боз мешаванд”, – иброз дошт манбаъ.

Ҳукумати Қирғизистон 20 майи соли гузашта ба равуо дар гузаргоҳи «Кулунду-автодорожный» ва «Кайрагач-автодорожный» дар қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муваққатан маҳдудият ҷорӣ кард.

Маҳдудияти муваққатӣ барои равуо ҳам барои мардум ва ҳам воситаҳои нақлиёту ҳайвонот ва чорво ҷорӣ шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.