Шӯрои уламои Маркази ислоии Тоҷикистон 13-уми апрелро рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон эълон кард. Ба ҳамин тартиб шаби 12-уми апрел шаби аввали намози таровеҳ дар Тоҷикистон мебошад. Шӯрои уламо ин рӯзро дар асоси хулосаи пешниҳодкардаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон кардааст.
Дар ин бора ба "Азия Плюс" Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, феълан ҷаласаи Шӯърои уламо идома дорад. Ба гуфтаи Афшини Муқим ин Шӯро ҳамчунин ҳаҷми садақаи фитр ва нисоби закотро дар Тоҷикистон муайян кардааст.
Ба гуфти Афшини Муқим вобаста вазъи эпидемологӣ дар мавриди намози таровеҳ Ситоди ҷумҳурявии муқобила бо паҳншавии коронавирус ҳеч маҳдудияте нагузоштааст, аммо рияои қоидаҳои беҳдоштӣ талаб карда мешавад.
Ӯ гуфт, ки мувофиқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон нафароне, ки бештар аз 25 000 сомонӣ доранд соҳибнисоб эътироф мешаванд ва бояд 625 сомонӣ закот бидиҳанд.
Ҳамчунин Шӯрои уламо садақаи фитр ё ҳаҷми фитри рӯзаро мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 6 сомонӣ тасдиқ кардаааст.
Инчунин ҳар нафаре, ки имконияти рӯза гирифтан надорад – соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ӯ бояд 360 сомонӣ фидяи савм, яъне 12 сомонӣ барои ҳар рӯзи Рамазон хайр кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


