Шумори толорҳои Мегафон Тоҷикистон дар ноҳияи Сино афзуд

Date:

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи хизматрасониро  ба манфиати муштариён идома медиҳад. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар кӯчаи М.Ҳамадонӣ, 50 боз як толори фирмавии  MegaFon кушода шуд.

«Душанбе, ҳамчун калонтарин  шаҳри кишвар, дар маркази таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Мо мекӯшем, ки ба ҳамаи муштариён хизматрасонии  баландсифатро пешниҳод намоем. Аз ин рӯ, толорҳои фирмавии мо  мунтазам дар ноҳияҳои рушдёбанда пайдо мешаванд. Шумораи бештари сокинони пойтахт метавонанд ҳар гуна масъалаҳоро вобаста ба  алоқа дар назди хонаҳояшон ҳаллу фасл намоянд», – шарҳ медиҳад директори раёсати минтақавии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» дар ш. Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

Толор дар ноҳияи Сино дар нуқтае ҷойгир аст, ки барои омадан  комилан қулай мебошад. Яъне, дар наздикии он масҷид, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, якчанд тарабхонаҳои хӯрокҳои миллӣ ва ғайра, ки ҳазорон сокинони Душанбе ба ин ҷойҳо  ташриф меоранд, мавқеъ  ёфтааст. Акнун, барои пайвастшавӣ ба шабакаи оператор ё гирифтани маслиҳат оид ба хизматрасониҳои рақамии MegaFon, масалан, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ, гирифтани кортҳои бонкӣ ва пайвасткунии хизматрасониҳои лозимӣ, ба монанди  «Mega Music» барои дӯстдорони мусиқӣ ё замимаи MegaFon Life барои идоракунии хизматрасониҳои алоқа,   вақти хеле кам  лозим мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...