Мирзиёев бо Раҳмону Ҷабборов даргириҳои марзро баррасӣ кардааст

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон  президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бар сари даргириҳои ахири марзӣ гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора торнамои расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.  Дар хабарномаи дафтари матбуоти президенти кишвари ҳамсоя гуфта шудааст, ки сарони давлатҳо  вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Президенти Узбекистон аз созишномаҳои ҳосилшудаи ҷонибҳои […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон  президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бар сари даргириҳои ахири марзӣ гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора торнамои расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад. 

Дар хабарномаи дафтари матбуоти президенти кишвари ҳамсоя гуфта шудааст, ки сарони давлатҳо  вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Президенти Узбекистон аз созишномаҳои ҳосилшудаи ҷонибҳои тоҷику қирғизро, ки ба  ҳалли ҳарчи зудтари вазъи кунунӣ ва пешгирии авҷгирии он равона шудаанд, дастгирӣ пуштибонӣ кардааст.

Аҳамияти ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо тавассути гуфтушуниду машваратҳо дар руҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикӣ таъкид карда шуд.

Шавкат Мирзиёев бо Содир Ҷабборов низ вазъи марзро баррасӣ кардаву роҳҳои ҳарчи зудтари ҳалли вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро арзёбӣ кардаанд

Дар ин суҳбат Мирзиёеву Ҷабборов низ бар  ҳалли ҳама масъалаҳои баҳсталаби пайдошуда бар асоси муколама дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ таъкид кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.