Шумори қурбониён сел ба 8 нафар расид: Хисороти селу боронҳо ноҳия ба ноҳия. НАВШУДА

Шумори қурбониёни селхезии рӯзи 11-уми май дар Тоҷикистон ба 8 нафар расид. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад. Як нафари дигар сокини ноҳияи Кӯшониён будааст. Хабарнигори "Азия-Плюс" аз Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб ҷалсаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурявӣ, ки барои рафъи оқибатҳои селхезиҳои ахир ташкил шудааст, таҳти раёсати сарвазир […]

Asai-Plus

Шумори қурбониёни селхезии рӯзи 11-уми май дар Тоҷикистон ба 8 нафар расид. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад. Як нафари дигар сокини ноҳияи Кӯшониён будааст.

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб ҷалсаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурявӣ, ки барои рафъи оқибатҳои селхезиҳои ахир ташкил шудааст, таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода ва раисони КДАМ, ВКД, КҲФ, вазири нақлиёт, раиси вилояти Хатлон ва раисони ниҳодҳову шаҳру ноҳияҳои дигар ҷараён дорад. 

То ин вақт Кумитаи ҳолатҳои фавқулода марги се сокини шаҳри Кӯлоб, се сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва як сокини шаҳри Ҳисорро бар асари селхезиҳову борони шадиди дирӯз расман тасдиқ карда буд, аммо ин ниҳод дар хабарномааш гуфтааст, ки ин маълумоти пешакӣ аст.

"Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд (яке 39-сола, дигаре 29-сол  ва дигаре 20-сола) ба ҳалокат расиданд. Дар шаҳри Кулоб 3 нафар фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили автомашина будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба дарёфт карда шуд. Дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст",- хабар дода буд шаби 11-уми май. 

Бино ба иттилои Кумита бар асари селхезиҳо хонаҳои мардум, киштзорҳо, оғилу биноҳои дигар ва қитъаҳои роҳ тахриб шудааст.

Рӯзи 11 май сел дар ноҳияи Сангвор дар мавзеъи Лаби Ҷар роҳро барои чанд муддат бастааст, ки ҳол ин роҳ боз шудааст. 

Ҳамчунин дар деҳаҳои Нигов ва Ниёзбегиёни ҷамоати Қалъаи Сурхи Рашт селоба ба 14 қитъаи заминҳои наздиҳавлигии ва дигар иншооти ёрирасони сокини ин деҳаҳо хисорот ворид кардааст.

Дар деҳаи Дараи Фонии ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб ҳам сел ду гов  ва як мошини тамғаи «Foton»-и сокинонро бурдааст.

Дар километри 408-уми шоҳроҳи Дарвозу Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Вишхарви Дарвоз сел роҳро барои чанд муддат бастааст, ки ҳоло ба гуфти КҲФ роҳ тоза карда шудааст.

Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ сел б мардуми хисороти калон ворид кардааст. Аз ҷумла дар деҳаи Порвор ва ҷамоати Дашти Ҷум сел таҳхонаҳои 26 хонаи истиқоматӣ ва иншооти дигари мардумро моломол кардааст.  Заминҳои наздиҳавлигиро вайрон ва роҳҳои миёни деҳаҳоро низ тахриб кардааст. 

Дар шаҳри Кӯлоб ҳам селу боронҳои шадид ба мардум хисороти бузург ворид кардаанд. Аз ҷумла КҲФ мегӯяд, ки дар маҳалҳову кӯчаҳои  Завод, Содиқов мавзеъҳои 3, 4, 5-м маҳаллаи Файзободи боло, Якуми Май, Рахимзода ва Пашадара ба мардум зарар расидааст. Ба ҷуз ин боғҳои фароғатии шаҳр ҳам хисорот дидаанд. 

Дар деҳаи Эргаш Бустонқалъа ноҳияи Кушониён сел ҳудуди 10 метр роҳи мошингард ба самти шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғараро валангор кардааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ронандаи мошини боркаши «Дулан», ки таҳти фармони сокини 34-солаи ин деҳа будааст, бар асари чапа шудани мошин ба ҳалокат расидааст.

Дар ин мавзуъ ҳамчунин чор мусофири як мошин наҷот дода шудаанд.

Дар ҷамоати Сангтудаи Данғара сел як пули миёни роҳи ин ноҳия бо шаҳри Левакандро қисман хароб кардааст.

Дар деҳаҳои Даштободу Обимик ҷамоати Обшорони ноҳияи Ёвон ҳам селу селоба ба таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ ворид шуда, замину киштзорҳоро зарар расонидааст. 

Дар ноҳияҳои Хуросон, Дӯстб, Вахш и Муминабади вилояти Хатлон селу селобаҳо ҳам ба хонаҳои истиқоматӣ, замину киштзорҳо, пулҳо, роҳҳои мошингард ва дигар иншооти муҳим зарар расонидааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳоло маконҳои селзадаро мебинанд ва ҳаҷми хисороти расидаро маълум ва масъалаи расонидани ёриҳоро баррасӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир корҳо барои бартараф кардани оқибатҳои селхезиҳои дирӯз идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.