Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар Чин мулоқот кард

Дар ҳошияи вохӯрии дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шаҳри Сиани Чин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаев дидору гуфтушунид анҷом дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили иҷрои ҳарчи зудтари қарордодҳои имзошуда аз ҷониби сарони давлатҳо, санадҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ […]

Asia-Plus

Дар ҳошияи вохӯрии дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шаҳри Сиани Чин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаев дидору гуфтушунид анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили иҷрои ҳарчи зудтари қарордодҳои имзошуда аз ҷониби сарони давлатҳо, санадҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кориро оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо баррасӣ намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро байни кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Дар шаҳри Сиан Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи 5-умин Ярмаркаи байнулмилалии “Роҳи Абрешим”, ки таҳти шиори “Робитаи мутақобила, сохтмони муштарак ва истифода” (Взаимосвязанность, совместное строительство и использование) мегузарад, иштирок ва суханронӣ кард.

Зимни суханрониаш ӯ иброз дошт, ки Ярмаркаи байнулмилалии “Роҳи Абрешим” ба сифати платформаи нав барои рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа муҳим аст.

Аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳо бо мақсади шиносоӣ бо мероси таърихӣ ва фарҳангии халқҳо ва муаррифии молу маҳсулоти миллӣ, инчунин имконоти мавҷуда баҳри густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, саноату энергетика ва кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия таъкид шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин пешниҳод намуд, ки ба тақвияти талошҳо баҳри бештар пурсамар истифода шудани имконоти бузурги минтақа дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишварҳо идома дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.