Раиси Исфара ҳам баъди шифо ёфтан ба хонаводаи қурбониёни даргириҳо рафт

Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара ҳам пас аз шифо ёфтану ба кор оғоз кардан, дар нахустин рӯзи корӣ барои ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон рафтааст. Дар ин бора  дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст.  Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрдори Исфара ба хонаводаи афроди дар ин даргириҳо ба шоҳадат расида рафта изҳори ҳамдардиву таслияти худро […]

Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара ҳам пас аз шифо ёфтану ба кор оғоз кардан, дар нахустин рӯзи корӣ барои ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон рафтааст. Дар ин бора  дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст. 

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрдори Исфара ба хонаводаи афроди дар ин даргириҳо ба шоҳадат расида рафта изҳори ҳамдардиву таслияти худро иброз кардааст ва шаҳрдорӣ ба ин хонаводаҳо ёрии моддӣ расонидааст.

«Раиси шаҳр баробари изҳори таслият ба наздикону пайвандони шаҳидон, изҳор дошт, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо тадбирандешӣ мекунад. Ва илова кадрд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад», – омадааст дар хабарномаи шаҳрдорӣ.

Бояд гуфт, ки дар даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки дар миёни издиҳом қарор доошт, аз ноҳияи пушташ захм бардошта дар беморхона бистарӣ шуда буд. Ҳоло ба гуфти дафтари матбуоти шаҳрдорӣ вазъи саломатияш хуб шуда, дубора сари кор баргаштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.