Медали биринҷии Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо WTF

Date:

Чемпионати Осиё оид ба таэквондо WTF рӯзҳои 16-18 июн дар Бейрут (Лубнон) доир гардида, дар он аз 30 кишвар 186 нафар варзишгарон ширкат варзиданд.

Дар рақобатҳои вазни то 67 кг Моҳрӯ Ҳалимова қувваозмоиро дар даври чаҳорякфиналӣ оғоз намуда, намояндаи Корея Сон Да Бинро мағлуб кард. Сипас дар даври нимфиналӣ бар намояндаи дастаи Урдун Ҷулиана Содиқ дастболо шуда, зинаи сеюмро ишғол намуд. Дар ин бора Федератсияи таэквондои ВТФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқот инчунин дигар намояндагони Тоҷикистон – Шоҳрух Баротов (-58 кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80 кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74 кг), Мӯниса Ойматова (-49 кг),  Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68 кг) ва Мӯниса Исматова (-68 кг) ширкат варзида, лекин зинаҳои ҷоизавиро ба даст оварда натавонистанд.

Ғайр аз ин, ду довари сатҳи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров дар ин мусобиқа ҳакамӣ карданд.

Бино ба иттилои Федератсияи миллӣ, рӯзҳои 19-21 июн мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF дар мусобиқаи байнулмилалии «Beirut Open» иштирок мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...