Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо Индонезия бозӣ мекунад

Дар доираи марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолонаш аз Индонезия бозии дӯстона баргузор мекунад. Вохӯрӣ байни мунтахабҳои футболи олимпии Тоҷикистону Индонезияи синни то 23-сола рӯзи сешанбе, 19 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, соати 18:00 оғоз мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ. Гуфта мешавад, дар […]

Asia-Plus

Дар доираи марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолонаш аз Индонезия бозии дӯстона баргузор мекунад.

Вохӯрӣ байни мунтахабҳои футболи олимпии Тоҷикистону Индонезияи синни то 23-сола рӯзи сешанбе, 19 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, соати 18:00 оғоз мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.

Гуфта мешавад, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо тимҳои Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) рақобат мекунад.

Мунтахаби футболи олимпии Индонезия ба гуруҳи “G” шомил аст. Бозиҳои ин гуруҳ аз 27 то 30 октябр дар Душанбе доир мегарданд. Мунтахаби Чин (U-23) аз мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 хориҷ шуд. Дар ин робита дар гуруҳи “G” танҳо тимҳои Австралия ва Индонезия боқӣ монданд, ки рӯзҳои 27 ва 30 октябр байни ҳам ду бозӣ мегузаронанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио