Аҳмад Масъуду Исмоилхон бо вазири хориҷаи Толибон мулоқот кардаанд. Таъйид шуд

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Толибон баргузории мулоқоти Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Муҳаммад Исмоилхон, волии пешини Ҳирот бо вазири хориҷаи ҳукумати сарапарасти Толибон, Амирхони Муттақиро расман таъйид карданд.

Телевизиони миллии Афғонистон хабар медиҳад, ки Амирхони Муттақӣ баргузор шудани ин мулоқотро таъйид кард. Дар навори видеоие, ки ин шабака нашр кардааст вазири хориҷаи Толибон мегӯяд, ки ин мулоқот дар Эрон сурат гирифтааст.

Муттақӣ мегӯяд, ки "бо фармондеҳ Исмоилхон ва Аҳмад Масъуд низ дар Эрон дидор кардем. Бо афғонҳои дигар низ дидор доштем ва аз онҳо хостем, ки ба кишваршон баргарданд, ҳеҷ кас ба онҳо коре нахоҳад дошт ва мушкили амниятӣ барои онҳо эҷод нахоҳем кард".

Би-Би-Си ҳам хабар медиҳад, ки як манбаи наздик ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ баргузор шудани ин дидорро ба ин расона таъйид кардааст. 

Саид Хатибзода, сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон ҳам дар нишаст матбуотии имрӯз, 10-уми январ дар посух ба саволи дарбора ин дидор гуфтааст "Дар ин сафар ҳам Ҷумҳурии Исломии Эрон мизбони ин гуфтугӯ будааст. Гуфтугӯҳои хубе байни гурӯҳҳои Афғонистони анҷом шудааст ва умедворем, ки натиҷаи он ояндаи дурахшоне барои мардум Афғонистон ба ҳамроҳ дошта бошад". 

Хабари баргузории мулоқоти Аҳмади Масъуд бо Муттақиро шабакаи "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба ду манбаи ба таъкиди ин расона муътабараш дар Теҳрону Машҳад ду рӯз пеш расонаӣ карда буд. Ин шабака навишта буд, ки Муҳаммад Исмоилхон волии пешини Ҳирот ва аз фармондеҳони маъруфи Ҷамъияти исломии Афғонистон низ ширкат мекунад.

Аммо Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, рӯзи якшанбеи 9-уми январ хабарҳои нашршуда дар мавриди мулоқоти раҳбари ин ҷабҳа Аҳмади Масъуд бо сарапарасти вазорати хориҷаи Толибон Амирхони Муттақиро рад карда буд.

Аҳмадӣ дар як навиштаи фейсбукӣ гуфта, ки ҳеҷ мулоқоте дар назар нест ва дар ин бора пасонтар баёнияе содир хоҳанд кард.

Аммо то кунун тасовире аз ин мулоқот ва ҷузъиёти он нашр нашудааст. Ин дар ҳолест, ки баъди нашри хабарҳои ин мулоқот бисёре аз ҷонибдорону ҳаводорони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда,  гуфтаанд, ки набояд ин мулоқт дар ин сатҳ баргузор шавад.

Амирхони Муттақӣ рӯзи шанбе дар раъси як ҳайат ба Эрон рафтааст, ки толибон гуфтаанд ин сафар бо даъвати вазорати хориҷаи Эрон сурат гирифтааст, ки "дар бораи масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ мешавад".

Аммо "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба як манбаи дигараш навишта, ки ин сафар бо даъвати Сипоҳи посдорон сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳоло Аҳмади Масъуд дар Эрон аст аст ва барои дидор бо хонаводааш ба Машҳад рафтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...