Қоидаҳои вуруд ба Ӯзбекистон бо сабаби ошкор шудани “омикрон” тағйир меёбанд

Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, дар Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар тағйр дода мешаванд, хабар медиҳад kun.uz. Нашрия зикр мекунад, ки аз 15 январи соли равон тартиби зерин ҷорӣ мешавад: – шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ПСР-тести манфии сироят аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 48 соат […]

Asia-Plus

Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, дар Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар тағйр дода мешаванд, хабар медиҳад kun.uz.

Нашрия зикр мекунад, ки аз 15 январи соли равон тартиби зерин ҷорӣ мешавад:

– шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ПСР-тести манфии сироят аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 48 соат то расидан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шудааст;

– дар сурати надоштани ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус, супурдани экспресс-тест дар фурудгоҳ, вокзал ва гузаргоҳҳо дар марз талаб карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2021 низ мақомоти Ӯзбекистон талаботи марбут ба карантинро барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ сангинтар карда буданд.

Он замон шаҳрвандони ба Ӯзбекистон аз хориҷи воридмешуда уҳдадор шуда буданд, ки бояд бо худ гувоҳнома (сертификат) бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба сирояти коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст.

Ғайр аз ин, мусофироне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон аз Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Исроил, Италия, Нидерланд, Чехия ва Миср ворид мешаванд, бояд ба муддати 10 рӯз бо карантин фаро гирифта шаванд ё 10 рӯзро аз ҳисоби худ дар меҳмонхона гузаронанд.

Дар Ӯзбекистон штамми нави коронавирус – “Омикрон” сабт шуд. Вирус рӯзи 7 январ дар шаҳрванде, ки аз хориҷи ба Ӯзбекистон омада буд, ошкор шуд. Тавре ки gazeta.uz менависад, дар ин бора рӯзи якшанбе Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.