Ӯзбекистон содироти барқро ба Афғонистон 60 дарсад коҳиш дод

Date:

Ширкати "Брешно" (DABS) бо нашри эъломияе гуфт, ки Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ ҳамоҳангӣ бо онҳо, барқи содиротиашро ба Афғонистон 60 дарсад коҳиш додааст.

Гуфта мешавад, ширкати "Брешно" бо истинод ба мақомҳои барқи Ӯзбекистон далели коҳиши барқро мушкилоти техникӣ дар истгоҳи "Марҷон"-и он кишвар гуфтааст.

Дар хабари ин ширкат зикр мегардад, ки ин мушкилот тайи ду ё се рӯзи оянда ҳал хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ба далели коҳиши барқ аз сӯи Ӯзбекистон барқи 16 вилояти Афғонистон ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Қаблан Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамчунин дар мавриди интиқоли нерӯи барқ   дар соли 2022 ба мувофиқа расида буданд. Хабар дода шуда буд, ки ҷонибҳо ба маблағи 100 миллион доллар қарордод имзо кардаанд.

Ҳарчанд ҳанӯз далели аслии коҳиши барқи Ӯзбекистон мушаххас нест, вале Мулло Яъқуб, вазири дифоъи ҳукумати сарпарасти Толибон дирӯз ба ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳушдор дода буд, ки чархболҳои Афғонистонро баргардонанд.

Вай таъкид кард, ки ҳавсалаи Толибонро ба озмоиш нагиранд ва маҷбур насозанд амали мушобеҳро назар ба тавон анҷом бидиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...