Мутахассиси хорват сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон шуд

Date:

Мутахассиси Хорватия – Петр Сегрти 55-сола ба вафзиаи сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дастаро ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шакли мутамарказ доир мегардад, омода мекунад.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки имрӯз, 27 январ дар меҳмонхонаи “Хайят Риҷенси Душанбе” доир гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.

Пагоҳ, 28 январ дар дафтари кории Федератсияи футбол нишасти матбуотӣ бо иштироки ӯ ба сифати сармураббии тими мунтахаб баргузор мешавад. Нишасти матбуотӣ соати 11:00 оғоз мегардад.

Петр Сегрт соли 1966 дар Хорватия ба дунё омада, аз кӯдакӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ба сифати ёвар ва сармураббӣ дар дастаҳои Олмон, Австрия, Индонезия, тими мунтахаби ҷавонони Гурҷистон, , мунтахабҳои Афғонистон ва Малдив кор карда, бо тими Малдив ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 ноил гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...