Шералӣ Кабир: Дар ИДМ Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши саноат пешсаф аст

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати афзоиши саноат зинаи аввалро ишғол намуд. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 38,8 млрд сомониро ташкил дод, ки 23% зиёдтар нисбат ба соли гузашта (с.2020) аст. Бо такя ба маълумоти Кумитаи […]

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати афзоиши саноат зинаи аввалро ишғол намуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 38,8 млрд сомониро ташкил дод, ки 23% зиёдтар нисбат ба соли гузашта (с.2020) аст.

Бо такя ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми сол 22,9% афзудааст, ки байни кишварҳои Иттиҳод натиҷаи баландтарин мебошад.

Масалан, ин нишондиҳанда дар Русия 5%, Ӯзбекистон – 9,5%, Қирғизистон – 0,2% ва Қазоқистон – 2,9%-ро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 32%-и ҳисса ба соҳаи истихроҷи кӯҳӣ, 20% – ба истеҳсоли неруи барқ ва 19% – ба саноати хӯрокворӣ рост меояд.

Дар соли 2021 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 271 ҳазор тонна маъдани покшуда, 1,2 млн тонна семент ва зиёда аз 100 ҳазор тонна пахта содир кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.