Ӯзбекистон ҳамаи маҳдудиятҳои заминияш дар марз бо Тоҷикистонро бекор кард

Date:

Комиссияи махсуси мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон рӯзи 15 март қарори наверо дар матбуот нашр кард, хабар медиҳад kun.uz. Гуфта мешавад, он бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор намудани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар мавриди боздиди сайёҳон қабул шудааст.

Ба ин тариқ, мувофиқи қарор, аз 16 март бо доштани шиноснома/сертификатҳои ваксина гирифтан аз сирояти коронавирус, ба вуруди ҳамаи шахсон ба Ӯзбекистон бидуни ПСР-тест иҷоза дода мешавад.

Аммо дар сурати надоштани шиноснома/сертификатҳои ваксина гирифтан, шахси воридшаванда бояд натиҷаҳои манфии ПСР-тест (бо QR-коди электронӣ)-ро бо худ дошта бошад, ки на зиёдтар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст ё зимни вуруд ба қаламрави Ӯзбекистон экспресс-тест месупорад.

Ғайр аз ин, тамоми маҳдудиятҳои муваққатӣ барои равуои ҳамаи шахсон тариқи гузаргоҳҳои заминӣ дар сарҳади Ӯзбекистон бо Тоҷикистон бекор карда мешаванд.

Дар мавриди барқарор намудани кори ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар марзи муштарак тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Ҳамчунин фаъолияти низоми додани раводид (виза)-и электронӣ (e-visa) барои шаҳрвандони хориҷӣ барқарор карда мешавад.

Дар санад гуфта мешавад, фаъолияти хати боэътимоди алоқаи ВКХ – сall-марказ (маркази хидматрасонӣ) оид ба хидматрасонии босифати сайёҳони хориҷӣ таъмин карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...