Муштзанони тоҷик аз Чемпионати Осиё бо 8 медал баргаштанд

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун бо муҳорибаҳои ҷавонон дар даври финалӣ ба анҷом расид. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар финали ҷавонон як варзишгари мо – Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60кг муҳориба карда, ҷои дуюмро ишғол намуд. Ӯ аз ҳарифи қирғистониаш Алмаз Орозбеков […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун бо муҳорибаҳои ҷавонон дар даври финалӣ ба анҷом расид.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар финали ҷавонон як варзишгари мо – Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60кг муҳориба карда, ҷои дуюмро ишғол намуд. Ӯ аз ҳарифи қирғистониаш Алмаз Орозбеков бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.

Гуфта мешавад, миёни ҷавонон се варзишгари дигарамон – Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Варзишгаронамон миёни наврасон низ 4 медал ба даст оварданд: Анӯшервон Фозилов (-46кг) медали нуқра, Ҳангома Исоева (-57кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) медали биринҷӣ.

Дар ҳисоби умумидаставӣ байни муштзанони синни то 18-сола Тоҷикистон зинаи 7-ум ва байни 16-солаҳо – мақоми 6-умро ишғол намуд.

Дар сегонаи садри аввали ҷадвал Ӯзбекистон (9 медали тилло, 10 – нуқра ва 4 – биринҷӣ), Қазоқистон (7-7-8) ва Ҳиндустон (7-3-8) ҷойгиранд.

Байни муштзанҳои синни то 16-сола дар сегонаи аввал дастаи Ӯзбекистон (11 медали тилло, 6 – нуқра ва 3 биринҷӣ), Ҳиндустон (8-7-10) ва Қазоқистон (6-7-9) қарор гирифтанд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҳар ду мусобиқа дастаи Тоҷикистон ба дарёфти 2 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун доир гардид. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок карданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 21 варзишгар -11 нафар миёни ҷавонон ва 10 нафар миёни наврасон намояндагӣ карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.