То охири ҳафта обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта обуҳавои ноустувор дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Мувофиқи пешгӯиҳо, боришоти зиёдтар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ мешавад. Дар ин минтақа обуҳаво тағғйирёбанда ва абрнок шуда, борон ва барфи тар меборад. Боришот рӯзҳои 29, 30 март ва рӯзи шанбе, 2 апрел дар назар аст. Обуҳавошиносон обуҳавои нисбатан […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта обуҳавои ноустувор дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Мувофиқи пешгӯиҳо, боришоти зиёдтар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ мешавад.

Дар ин минтақа обуҳаво тағғйирёбанда ва абрнок шуда, борон ва барфи тар меборад. Боришот рӯзҳои 29, 30 март ва рӯзи шанбе, 2 апрел дар назар аст.

Обуҳавошиносон обуҳавои нисбатан хубро дар ин минтақа рӯзҳои 31 март ва 1 апрел, рӯзи ҷумъа пешгӯӣ мекунанд. Дар ин рӯзҳо обуҳавои соф ва бидуни боришоти назаррас пешбинӣ мешавад.

Ба сурати умум, дар шаҳри Хоруғ ҳарорат рӯзона аз 5 то 7  ва шабона то 1 дараҷа гарм мешавад.

Боришоти нисбатан камтар дар вилояти Хатлон пешгӯӣ мешавад. Дар ин минтақа аз 29 март то 1 апрел обуҳавои бебориш дар назар аст.

Рӯзи шанбе, 2 апрел борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат рӯзона аз 16 то 25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳамин гуна обуҳаво пешбинӣ шуда, рӯзи шанбе, 2 апрел борони кӯтоҳмуддат меборад.

Рӯзҳои пеш аз ин ҳавои тағйирёбандаи бидуни боришот дар назар аст. Ҳарорат рӯзона аз 8 то 15 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар пойтахт обуҳавои тағйирёбандаи бидуни боришоти назаррас ва туман дар назар аст. Ҳарорат шабона аз 3 то 8 ва рӯзона аз 9 то 20 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои 29 март ва 2 апрел борони кӯтоҳмуддат меборад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, то охири моҳи март дар кишвар хавфи фаромадани тармаву сел ва ярч, болоравии сатҳи об дар дарёву обанборҳо боқӣ мемонад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ дархост мекунад, ки эҳтиёткор бошанду ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.