Ҳузури 7 паҳлавони тоҷик дар Antalya Grand Slam 2022

Date:

Ҳафт паҳлавони тоҷик рӯзҳои 1-3 – юми апрел дар мусобиқоти Antalya Grand Slam 2022 ё Тоскулоҳи Бузурги Анталия дар Туркия ширкат мекунанд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои ҷаҳон дар сабқатҳои Antalya Grand Slam 2022 дар назар аст, ки 535 варзишкор аз 65 кишвари ҷаҳон ширкат кунунд, ки 216 нафари онҳо бонувон мебошанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҷудокороне чун Меҳрзод Суфиев (-60кг), Абубакр Шеров ва Шаҳзод Саидабуроров (ҳарду дар вазни  -66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳар ду дар вазни -90кг),  Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 намояндагӣ хоҳанд кард.

Мусобиқа соати 12:00, рӯзи 1-уми апрел ба вақти Душанбе оғоз мешавад ва марҳилаи ниҳоӣ соати 19.00 шуруъ мешавад. 

Рӯзи аввал сабқати бонувон дар вазнҳои -48 kg, -52 kg, -57 kg ва мардон дар вазнҳои -60 kg, -66 kg баргузор мешавад.  Рӯзи дувум занон -63 kg, -70 kg ва мардон дар вазнҳои -73 kg, -81 kg. Рӯзи охир занон дар вазнҳои -78 kg, +78 kg ва мардон дар вазнҳои -90 kg, -100 kg, +100 kg ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...