Наздикони тазоҳургарони моҳи январи Алмато даст ба эътироз заданд

Садҳо нафар аз наздикон ва пайвандони гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи имсоли Қазоқистон 1 июн дар назди бинои додситонии шаҳри Алмато бо талаби шаффофияти раванди тафтиши парвандаҳо ҷамъ шуданд. Тазоҳургарон дар даст акси наздикони худро дошта, шиор мепартофтанд, ки "Шавҳарони мо террорист нестанд!" ва "Мо таҳқиқи байналмилалиро талаб мекунем!". Онҳо ҳамчунин аз мақомот талаб карданд, […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Садҳо нафар аз наздикон ва пайвандони гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи имсоли Қазоқистон 1 июн дар назди бинои додситонии шаҳри Алмато бо талаби шаффофияти раванди тафтиши парвандаҳо ҷамъ шуданд.

Тазоҳургарон дар даст акси наздикони худро дошта, шиор мепартофтанд, ки "Шавҳарони мо террорист нестанд!" ва "Мо таҳқиқи байналмилалиро талаб мекунем!". Онҳо ҳамчунин аз мақомот талаб карданд, ки иттиҳомҳо зидди наздиконашон бекор карда шаванд.

Намояндаи шаҳрдории Алмато ба назди эътирозгарон рафта, гуфтааст, тазоҳурот бидуни огоҳии мақомот ташкил карда шудааст ва он "ғайриқонунӣ" мебошад. Суханҳои намояндаи шаҳрдорӣ норозигии эътирозгаронро ба бор оварда, бештари онҳо гуфтаанд, мақомот нахуст бояд аз мардум пурсанд, ки чаро ҷамъ шудаанд.

Додгоҳи Алмато то 23 май ҷамъан 186 парвандаро, ки дар доираи онҳо 287 кас дар курсии айбдорӣ менишаст, баррасӣ карда, 24 гумонбар бар асоси айбҳои гуногун, аз ҷумла, "ғоратгарӣ" ва "дуздӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳу лавозимоти ҷангӣ" аз озодӣ маҳрум намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.