Ӯзбекистон нархи барқро аз 1-уми июл баланд мекунад

Узбекистон аз 1 июли имсол бо ҳифзи таҷрибаи субсидия ба истифодаи нерӯи барқу газ меъёри истеъмоли иҷтимоӣ ҷорӣ мекунад, ки дар натиҷа арзиши тарифҳои хидматрасонии коммуналӣ гаронтар хоҳад шуд. Лоиҳаи қарори ҳукумати Узбекистон "Дар бораи тағйир додани нархи захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ" дар он кишвар аз 31 май то 15 июни имсол дар баррасӣ хоҳад […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Узбекистон аз 1 июли имсол бо ҳифзи таҷрибаи субсидия ба истифодаи нерӯи барқу газ меъёри истеъмоли иҷтимоӣ ҷорӣ мекунад, ки дар натиҷа арзиши тарифҳои хидматрасонии коммуналӣ гаронтар хоҳад шуд.

Лоиҳаи қарори ҳукумати Узбекистон "Дар бораи тағйир додани нархи захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ" дар он кишвар аз 31 май то 15 июни имсол дар баррасӣ хоҳад буд.

Бар асоси ин қарор, сар аз 1 июл истифодабарандагоне, ки дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 165 сӯмӣ (0,015 доллар) пардохт хоҳанд кард.

Истифодабарандагони боқӣ то 250 кВт/соат дар моҳ 325 сӯмӣ (0,03 доллар) ва барои 1 кВт/соати зиёда аз 250 кВт/соат дар моҳ 650 сӯмӣ (0,05 доллар) мепардозанд. Дар ҳоли ҳозир арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ дар Узбекистон 295 сӯм (0,027 доллар) аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.