Мактабхонҳои марди бемори руҳиро латукӯбкарда боздошт шуданд: сокинони Дӯстӣ

Наврасе, ки як мардро латукӯб карда буду навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, бо ҳамроҳонаш дастгир  шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад.  Манбаъ аз марде, ки мавриди лату куб карор гирифта буд, Қосимов Собир ном бурда гуфтааст, ки сокини деҳаи Лоҳутии  ноҳияи Дӯстӣ буда, бемории рӯҳӣ мебошад. "Ҳамзамон муайян карда шуд, ки […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Наврасе, ки як мардро латукӯб карда буду навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, бо ҳамроҳонаш дастгир  шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад

Манбаъ аз марде, ки мавриди лату куб карор гирифта буд, Қосимов Собир ном бурда гуфтааст, ки сокини деҳаи Лоҳутии  ноҳияи Дӯстӣ буда, бемории рӯҳӣ мебошад.

"Ҳамзамон муайян карда шуд, ки наврасоне, ки номбурдро мавриди латукӯб қарор додаанд хонандагони  синфи 9 муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №6 ноҳияи Дӯстӣ мебошанд." – омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод ҳодисаро чунин шарҳ додааст: "Зимни санҷиш ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Лоҳутии  ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба вуқуъ пайваста аст. Қосимов Собир дар роҳ бо алфози қабеҳ ба наврасон ва яке аз толибилмон  таҳкиру дашном медиҳад, ки боиси  лату куби ӯ аз ҷониби яке аз наврасон гардидааст."

Гуфта мешавад шахсияти ҳамаи он нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд, муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дастрас карда шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.