Конститутсияи нави Қазоқистон эътибори қонунӣ пайдо кард

Комисияи марказии раъйпурсии Қазоқистон натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ ба тағйироти Конститутсияро эълом кард. Ба иттилои комисия, 77,18 дарсад аз тағйирот ҷонибдорӣ кардаанд. Ин рақамҳо бо натиҷаҳое, ки комисия рӯзи 6 июн эълом карда буд, якранг ҳастанд. Зидди тағйирот 18,66 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд. Дар раъйдиҳии рӯзи 5 июн 68,05 дарсад ё 7 миллиону 985 ҳазору 769 […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Комисияи марказии раъйпурсии Қазоқистон натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ ба тағйироти Конститутсияро эълом кард.

Ба иттилои комисия, 77,18 дарсад аз тағйирот ҷонибдорӣ кардаанд. Ин рақамҳо бо натиҷаҳое, ки комисия рӯзи 6 июн эълом карда буд, якранг ҳастанд.

Зидди тағйирот 18,66 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд.

Дар раъйдиҳии рӯзи 5 июн 68,05 дарсад ё 7 миллиону 985 ҳазору 769 сокини қобили раъйи Қазоқистон ширкат кардаанд.

Нурлан Абдиров, раиси комисияи раъйпурсӣ гуфт, 1,58 дарсади баргаҳои раъй беэътибор дониста шудааст.

Абдиров гуфт, тағйироти қабулшуда ба Конститутсия аз рӯзи эъломи расмии натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба иҷро даромадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.