Имрӯз сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон оғоз мешавад

Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 7 июн хабар дод. Ба гуфтаи вай, барои сохтмони марҳилаи аввали неругоҳ 3,5-5 сол сарф мешавад. "Фардо мо корҳои сохтмониро шуруъ мекунем, бояд пул сохта шавад, нақб то охир кофта шавад. Ҳамаи инро бо неруи худ шуруъ мекунем. Мо 18,8 млн доллар дорем. Барои марҳилаи аввал […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 7 июн хабар дод. Ба гуфтаи вай, барои сохтмони марҳилаи аввали неругоҳ 3,5-5 сол сарф мешавад.

"Фардо мо корҳои сохтмониро шуруъ мекунем, бояд пул сохта шавад, нақб то охир кофта шавад. Ҳамаи инро бо неруи худ шуруъ мекунем. Мо 18,8 млн доллар дорем. Барои марҳилаи аввал 3,5-5 сол сарф мешавад. Ҳамсояҳои мо ҳам ба ин тарҳ таваҷҷуҳ доранд, аммо ҳоло бо неруи худ шуруъ мекунем, мунтазир сармоя намемонем", – гуфт Ҷабборов.

Оқилбек Ҷабборов рӯзи 1 июн аз рафти корҳои омодагӣ ба сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 дар дарёи Норин дидан карда буд.

Доскул Бекмирзоев, вазири энержии Қирғизистон дар ин сафар ба Ҷабборов хабар дод, ки давоми ду соли оянда роҳҳову пулҳо барқарор мешаванд ва анбору зерсохторҳо барои коргарон бунёд мегарданд. Бекмирзоев ҳамчунин гуфт, нахустин чархаи неругоҳ баъди 8 сол ба кор хоҳад даромад.

Ин дар ҳолест, ки Оқилбек Ҷабборов моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, неругоҳи Қамбарота-1 давоми 3-5 соли оянда ба кор медарояд. Вай гуфта буд, ки аз буҷаи Қирғизистон барои сохтмони неругоҳ дар соли 2022 20 млн доллар ҷудо шудааст.

Моҳи марти соли 2021 Қирғизистону Узбекистон изҳор доштанд, ки неругоҳи Қамбарота-1-ро дар якҷоягӣ месозанд. Моҳи майи соли ҷорӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ гуфт, мехоҳад, неругоҳи Қамбарота-1 дар якҷоягӣ сохта шавад.

Соли 2021 Қирғизистону Русия барои сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 созишнома баста буданд. Аммо созишнома соли 2016 якҷониба, аз тарафи Қирғизистон, бекор карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.