Киҳо вакилони нави Данғара, Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ мешаванд? Моҳи август интихобот баргузор мешавад

Дар  ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон, Фирдавсии Душанбе ва Рӯдакӣ интихоботи миёндаврӣ баргузор мешавад. Қарор аст ин интихобот 14 августи соли 2022 баргузор шавад. Дар ин бора Кумитаи марказии интихоботу раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) хабар медиҳад. Вакилони ин ноҳия, дар пайи тағйироти кадрии имсол ба вазифаҳои гуногун таъин шуданд ва ҳоло курсиҳои онҳо холӣ мебошад. КМИР  дар […]

Asia-Plus

Дар  ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон, Фирдавсии Душанбе ва Рӯдакӣ интихоботи миёндаврӣ баргузор мешавад. Қарор аст ин интихобот 14 августи соли 2022 баргузор шавад. Дар ин бора Кумитаи марказии интихоботу раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) хабар медиҳад.

Вакилони ин ноҳия, дар пайи тағйироти кадрии имсол ба вазифаҳои гуногун таъин шуданд ва ҳоло курсиҳои онҳо холӣ мебошад.

КМИР  дар ин маврид мегӯяд, ки "дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рўдакӣ №9 ва Данғара №36 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад"

Ин тасмим, имрӯз, 8-уми июн дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.