Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шуд

Date:

Дар чаҳорчӯби иҷлосияи XI Созмони ҳамкориҳоии исломӣ (СҲИ) барои нахустин бор дар бораи “Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом” эълон шудани Хива қарор қабул шуд. Дар ин бора Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон хабар додааст, менависад Azattyk.

Аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) ислоҳоти анҷомдодаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бахши сайёҳӣ – соддагардонии раводид, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ободонии шаҳрҳои таърихиро омили аслии пирӯзӣ эътироф карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Калта Манор

Ба таври ҷудогона иқдомҳое барои эҳёи зоҳири таърихии Хева корҳои эҳёву барқарорсозӣ, инчунин насби дубораи поячӯбҳои интиқоли барқ, эҷоди шароит барои вуруди бештари гардишгарон, беҳбуди зерсохтор, бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, бутик-ҳотелҳо ва хобгоҳҳо (хостелҳо) мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мақбараи Паҳлавон Маҳмуд, Хива

«Дар доираи Соли пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар шаҳри Хива дар сатҳи баланд ҷаласаи вазирони сайёҳӣ ва роҳбарони маъмурияти сайёҳии 57 кишвари узви СҲИ, конфронсҳои илмӣ, семинарҳо, намоишҳои аксҳо, намоишгоҳҳои бадеӣ ташкил ва баргузор мешаванд, ки имконоти сайёҳӣ дар Ӯзбекистонро ба маърази тамошо мегузоранд», – гуфта мешавад дар хабар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Деворҳои Ичон-Қалъа, Хива

Ба унвони пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шудан 5 шаҳр довталабӣ доштанд: Абу-Даби (АМА), Шанлиурфа (Туркия), Лагос (Нигерия), Душанбе (Тоҷикистон) ва Хива (Ӯзбекистон).

Солхои охир дар байни ин шаҳрҳо барои ғалаба дар номзадӣ муборизаи шадид идома дошт.

Аммо дар натиҷаи талошҳои Ӯзбекистон дар ин самт тасмим гирифта шуд, ки ба Хива мақоми “пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом” дода шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...