Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд

Date:

Шавкат Мирзиёев, ки бо даъвати ходими ҳарамайни шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд аз 17 то 19 август ба ин кишвар сафар кард, ба шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафта, аркони ҳаҷи умраро иҷро намуд.

Ӯ, қабл аз ҳама, ба масҷиди набавӣ, ки дувумин макони муқаддас барои мусалмонон дониста шуда, дар шаҳри Мадина қарор дорад, рафта намоз хонд ва қабри ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуд.

Пас аз мулоқот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ӯ ба шаҳри Ҷидда ташриф оварда, бо як қатор роҳбарони созмонҳо ва бонкҳои исломӣ мулоқот кард.

Ӯ, ҳамчунин, зимни ин сафар ба подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд мукофоти давлатии “Дараҷаи олии Имом Бухорӣ”-ро тақдим намуд.

Дар охирин рӯзи сафари худ, Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Макка рафт. Ӯ дар ин шаҳр, аркони ҳаҷи умраро ба ҷо оварда, дар Масҷидулҳаром ва дохили Каъба намоз гузошт.

ГАЛЛЕРЕЯ (16)
















Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин сафари Шавкат Мирзиёев пас аз президент интихоб шудани ӯ ба Арабистони Саудӣ мебошад. Роҳбари қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки бо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд барои рӯҳониён дар кишвараш шинохта мешавад, низ 30 сол қабл ба зиёрати хонаи Худо рафта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...