Дабири кулли СААД ба Душанбе меояд

Станислав Зас, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ба Душанбе сафар мекунад. Дар ин бора сомонаи СААД хабар медиҳад. Ба иттилои созмон, сафари кории Станислав Зас рӯзҳои 22-24-уми октябр идома ёфта, ӯ дар марҳилаи фаъоли машқҳои нерӯҳои дастаҷамъии СААД дар Тоҷикистон иштирок меварзад. “Дабири кулл 23-юми октябр ба тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар 20-километрии марзи Тоҷикистону […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Станислав Зас, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ба Душанбе сафар мекунад. Дар ин бора сомонаи СААД хабар медиҳад.

Ба иттилои созмон, сафари кории Станислав Зас рӯзҳои 22-24-уми октябр идома ёфта, ӯ дар марҳилаи фаъоли машқҳои нерӯҳои дастаҷамъии СААД дар Тоҷикистон иштирок меварзад.

“Дабири кулл 23-юми октябр ба тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар 20-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки “Муомила-2021”-и Нерӯҳои дастҷамъонаи сареъи СААД, “Ҷустуҷӯ-2021”-и Неруҳо ва воситаҳои иктишофӣ ва “Эшелон-2021”-и воҳидҳои таъминоти моддию техникии Нерӯҳои дастаҷамъӣ сурат мегирад, иштирок хоҳад кард”, – омадааст дар хабари СААД.

Ҳамин тавр, дар назар аст, ки Станислав Зас бо раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳоло бо иштироки нерӯҳои дастаҷамъии истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ тамриноти муштараки “Сарҳад-2022” баргузор мешавад, ки марҳилаи фаъоли тамринот дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон” хоҳад гузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.