Федератсияи байналмилалӣ ҷудокори тоҷикро, ки 100 ҳазор сомонӣ гирифта буд, ҷазо дод

Date:

Федератсияи байналмилалии ҷудо Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ду ҷудокори шинохтаи тоҷикро барои қайди нодурусти шаҳрвандӣ дар системаи ин федератсия, муҷозот ва тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор кардааст.

Аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилои мазкурро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар робита ба ин масъала аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо мактуби расмӣ дарёфт карданд ва ҳоло дар пайи бартараф кардани он ҳастанд.

Манбаъи мо аз ин федератсия гуфт, ин ҷазо барои қайди душаҳрвандӣ дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ба Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов дода шудааст.

“Муллораҷаб Халифаев, ки як муддат аз номи Русия баромад мекард, дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо худро аз номи ин кишвар сабт кардааст. Баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва баъди нигаронии Русия ин федератсия ӯро муҷозот намуд”, – гуфтанд аз  Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Аз ин ниҳод афзуданд, ки Ҷаҳонгир Маҷидов, низ бо чунин сабаб муҷозот гардид:

“Ӯ, ки чанд вақт аз номи Озорбойҷон баромад мекард, дар система аз номи ин кишвар қайд шудааст. Вале баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва ҳамин тариқ, дар система номаълум монд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Манбаъи мо афзуд, инҷо танҳо хатои техникӣ дар системаи қайди Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал кунанд.

Бояд гуфт, ки чанде пештар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Муллораҷаб Халифаев барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи Тоскулоҳи бузурги “Baku Grand Slam 2022” 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда буд.

Халифаев Муллораҷаб мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар зинаи 10-ум ҷой дорад. Мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҷидов дар зинаи 4-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар маҷмӯъ 172 кишвар намояндагӣ мекунанд ва  Тоҷикистон дар раддабандии дар ҷои 41-ум қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...