Даргузашти Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бурҳон Мамадқулов

Дар рӯзи аввали Соли нави 2023 овозхони маъруфи операи тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, профессор Бурҳон Мамадқулов дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Маълумот дар бораи вафоти ӯ дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Аз ҷумла, кормандони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар саҳифаи худ ба пайвандону наздикони Бурҳон Мамадқулов изҳори ҳамдардӣ кардаанд. Тавре ки […]

Asia-Plus

Дар рӯзи аввали Соли нави 2023 овозхони маъруфи операи тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, профессор Бурҳон Мамадқулов дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Маълумот дар бораи вафоти ӯ дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Аз ҷумла, кормандони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар саҳифаи худ ба пайвандону наздикони Бурҳон Мамадқулов изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Тавре ки як манбаъ аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон хабар дод, вақтҳои охир Мамадқулов бемор буд ва дар бемористон табобат мегирифт.

Бурҳон Мамадқулов 27 майи соли 1945 дар Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1963 омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва соли 1967 – Консерваторияи давлатии Маскавро бо ихтисоси овозхони академӣ хатм кард.

Аз соли 1970 сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва солҳои 90-ум овозхони ансамбли “Шашмақом”-и назди Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон буд.

Бурҳон Мамадқулов яке аз шогирдони Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Аҳмад Бобоқулов дониста мешавад. Ӯ бо навгониҳо ва ҳунари сарояндагӣ дар хотирҳо боқӣ монда, сурудҳои халқӣ ва классикиро бомаҳорат иҷро мекард. Истеъдоди ӯ бахусус дар операҳои “Шӯриши Восеъ”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Кгомде ва Мадан”, “Абӯалӣ ибни Сино” ва ғайра баръало ба мушоҳида мерасад.

Хидматҳои ӯ соли 1997 бо ордени “Нишони фахрӣ” ва соли 1999 – ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст. Соли 1997 ба унвони Ҳунарманди шоиста” ва соли 1990 – ба унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон соҳиб шуд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд! 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.