Лавров дар бораи фишори Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард

Кишварҳои Ғарб ба давлатҳои Осиёи Марказӣ фишор оварда, аз онҳо талаб мекунанд, ки ба таҳримҳо нисбати Маскав ҳамроҳ шаванд, гуфтааст вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ. Дар ин бора Лента.ру хабар медиҳад. Ба гуфтаи вазир, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Ҷопон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даст кашидан аз ҳамкорӣ бо Маскавро талаб мекунанд, […]

Asia-Plus

Кишварҳои Ғарб ба давлатҳои Осиёи Марказӣ фишор оварда, аз онҳо талаб мекунанд, ки ба таҳримҳо нисбати Маскав ҳамроҳ шаванд, гуфтааст вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ. Дар ин бора Лента.ру хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Ҷопон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даст кашидан аз ҳамкорӣ бо Маскавро талаб мекунанд, зеро ба ақидаи онҳо, “Русия дар ҷанг бо Ғарб ба бохт дучор мешавад” ва пешниҳод мекунанд, ки пешакӣ мавқеи “ҷониби ғолиб”-ро ишғол намоянд.

“Ба иловаи пешниҳодоти лафзӣ, таҳдидҳои ҷиддии фишор низ сурат мегирад: шумо бозорҳои мо ва сармоягузорие, ки мо дар кишварҳоятон анҷом доданӣ ҳастем, аз даст медиҳед, барои кумак ба Русия дар канорагирӣ аз таҳримҳо даст кашед”, – иброз доштааст дипломат.

Сергей Лавров зикр кардааст, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд, ки чунин фишору таҳдидҳоро ба инобат гиранд.

“Мо исрор намеварзем, ки ҳамаи масъули сохтори иқтисодӣ дар ҳар кадоме аз давлатҳои ба мо дӯст субҳ сари минбар оянду бигӯянд, ки “мо мухолифи таҳримҳои зидди Русия ҳастем”. Ба мо кофист, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ба таҳримҳо ҳамроҳ нашуд”, – таъкид доштааст вазири корҳои хориҷии Русия.

Лавров илова намудааст, ки ҷониби Русия дар якҷоягӣ бо шарикони дӯст "механизм ва абзорҳои нави ҳамкориро муваффақона таҳияву дарёфт мекунад, ки ба нозу нуз ва майлу ҳавасҳои ҳамкасбони ғарбӣ вобаста набошанд".

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.