Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба ду корманди Вазорати молия ба гумони даст доштан дар тасарруфи ғайриқонунии маблағи калон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
“Нисбат ба Наргиз Рузиева, сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молия ва мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Тахмина Юсупова мутобиқи моддаҳои 245 қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 323 (Сохтакории хидматӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад”, – хабар медиҳад маркази матбуотии Агентӣ.
Гуфта мешавад, давоми солҳои 2018-2020 онҳо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ зиёда аз 4 млн 72 ҳазор сомониро ғайриқонунӣ тасарруф кардаанд.
Қобили зикр аст, ки агар гуноҳи онҳо исботи худро ёбад, ҳар кадоме аз занҳо ба муҳлати то 12 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.