Аз оғози сол дар обҳои Тоҷикистон 47 нафар ғарқ шуданд

Аз оғози соли равон дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 ноболиғу наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, сабаби асосӣ – риоя накардани қоидаҳои бехтарӣ дар об ва беназорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби калонсолон аст. “Танҳо дар рӯзҳои истироҳати гузашта 4 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз оғози соли равон дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 ноболиғу наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, сабаби асосӣ – риоя накардани қоидаҳои бехтарӣ дар об ва беназорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби калонсолон аст.

“Танҳо дар рӯзҳои истироҳати гузашта 4 нафар кӯдакон ғарқ шуданд, ки хурдтаринашон 7 сол дошт. Ҳамаи онҳо назди кӯлу дарё ва обанборҳо аз ҷониби калонсолон беназорат гузошта шуда буданд”, – омадааст дар хабар.

Ба ин тариқ, рӯзи 3 июн дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар канали Ҳулбук сокинони 11 ва 12-солаи ноҳияи Восеъ ғарқ шуданд. Ҷасадҳои онҳо рӯзи дигар дарёфт шуданд.

Ҳодисаи дуюми фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ рух дод – духтарчаи 7-солаи сокини деҳаи Навбунёд бародари 5-солаи худро наҷот доданӣ шуда, ба канал медарояд ва дар натиҷа ба қубур афтода, дигар аз он халос шуда наметавонад ва ғарқ мешавад. Писарчаро сокинони маҳаллӣ наҷот медиҳанд, лекин наҷоти духтарча муяссар намегардад.

Ҷасади духтарча дарёфт ва ба наздикону пайвандонаш супурда шудааст.

Ҳодисаи сеюм дар қаламрави ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рух додааст.

Субҳи рӯзи 4 июн сокини 12-солаи деҳаи Нури Вахш ҳангоми чаронидани чорво дар дарё оббозӣ карданӣ шуда, лекин ғарқ мешавад. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.

Дар робита ба гармои қарибулвуқӯъ ва хошиши оббозӣ кардани аксари мардум, Кумита бори дигар аз аҳолӣ дархост мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.