Беш аз $2,5 миллиард дар 25 сол. Роҳбарони Тоҷикистон ва БОР сатҳи ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Date:

Тӯли 25 соли шарикӣ, Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст. Ин нукта имрӯз, 12-уми июн дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Масатсугу Асакава, президенти Бонки Осиёии Рушд таъкид гардид.

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БОР-ро баррасӣ карданд.

Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории БОР-ро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намудааст.

“Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт”, – менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд гуфт, ки Масатсугу Асакава дар чаҳорчӯби сафари дурӯзаи худ ҳамчунин бо мақомоти баландпояи давлатӣ барои машварат дар мавриди ниёзҳои рушди Тоҷикистон ва барномаи кумаки БОР дар Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин таҷлили 25-умин солгарди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҳамчунин 20-умин солгарди таъсиси намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки БОР донори асосии молиявии Тоҷикистон аст, ки аз соли 2018 ба ин сӯ танҳо ба таври грантӣ иқтисоди кишварро дастгирӣ мекунад.

Тақрибан 34 дарсади ин кӯмакҳо ба бахши нақлиёт, 24 дарсад ба энергетика, 12 дарсад ба идоракунии бахши давлатӣ, 11 дарсад ба кишоварзӣ ва боқимонда ба соҳаи тандурустӣ, маориф, молия ва инфрасохтори шаҳрҳо равона карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...