Донишҷӯёни Русияро ба барқарорсозии Мариупол мефиристанд. Фарзанди шумо ҳам миёни онҳо буда метавонад?

Ҳазорон донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд ва бисёре аз онҳо шаҳрвандии Русияро ҳам доранд, аз ин рӯ, ин масъала ба онҳо ҳам дахл дошта метавонад. Ҳукумати Русия ният дорад, ки донишҷӯёни ин кишварро ба корҳои барқарорсозии Мариуполи тахрибшуда ҷалб кунад. Дар ин бора муовини сарвазири Русия Татяна Голикова изҳори назар кардааст. Шарҳ медиҳем, ки […]

Ҳазорон донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд ва бисёре аз онҳо шаҳрвандии Русияро ҳам доранд, аз ин рӯ, ин масъала ба онҳо ҳам дахл дошта метавонад.

Ҳукумати Русия ният дорад, ки донишҷӯёни ин кишварро ба корҳои барқарорсозии Мариуполи тахрибшуда ҷалб кунад. Дар ин бора муовини сарвазири Русия Татяна Голикова изҳори назар кардааст.

Шарҳ медиҳем, ки маҳз киҳо ба барқарорсозии шаҳр фиристода мешаванд ва оё ба ин кор маҷбур карда метавонанд?

Маҳз кадом донишҷӯён ба барқарорсозии Мариуполи тахрибшуда ҷалб мешаванд?

Мувофиқи изҳороти муовини сарвазири Русия Татяна Голикова, тобистони имсол дар барқарорсозии иншооти зерсохтори Мариупол иштирокчиёни Отряди донишҷӯёни Русия (ОДР) ҷалб мешаванд.

Қаблан онҳо маҷмааи ёдгории “Саур-Могила” дар Ҷумҳури мардумии Донетскро барқарор намуданд.

Отряди донишҷӯёни Русия (ОДР) чист?

ОДР ташкилоти бузурги ҷавонон мебошад. Айни замон ба сафҳои он зиёда аз 150 ҳазор ҷавонон аз ҳамаи субъектҳои Русия шомиланд.

Ташкилоти ҷамъиятии мазкур ба корҳои бо шуғл таъмин намудани ҷавонон, инчунин тарбияи ватандӯстӣ ва фарҳангии онҳо машғул аст.

Ба гунаи мисол, ман узви ин Отряд ҳастам. Дар он ҷо бо чӣ кор машғул мешавам?

Сабаби аввал ва асосии ба ин ташкилот шомил шудани донишҷӯён – ин кумак ба дарёфти кор дар вақти озод аз таҳсил аст (маъмулан дар давраи таътили тобистона ва зимистона).

Иштирокчиёни отрядро ба кор дар иншооти гуногун дар саросари кишвар ҷалб мекунанд: ин метавонад бахши кишоварзиву тиббӣ, омӯзгорӣ ва албатта, ба соҳаи сохтмон бошад.

Айни замон маҳз иштирокчиёни отряди сохтмончиёнро ба корҳои барқарорсозии Мариупол сафарбар мекунанд.

Чӣ гуна ба “Отрядҳои донишҷӯёни Русия” шомил мешаванд?

Барои шомил гардидан ба чунин Отряд дар сомонаи ин ташкилот анкетаро пур кардан лозим аст. Яъне иштирок дар он ихтиёрӣ аст, маҷбурӣ ба сафи Отряд шомил карда наметавонанд.

Ба ҷуз иштирокчиёни “Отряди донишҷӯёни Русия”, боз дигаронро ба барқарорсозии Мариупол ҷалб карда метавонанд?

Бале, чунин ҳолатҳо ҷой доштанд. Масалан, донишҷӯёни Академияи сохтмон ва меъмории Донбасс дар Маруипол аз давраи таҷрибаомӯзӣ гузашта буданд.

Ҳафт нафар донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба Мариупол рафтанд. Дар ин ҷо онҳо ба корҳои андозагирии тиреза ва тарқишҳои биноҳои истиқоматии бар асари ҷанг тахрибшуда машғул буданд.

Лекин ҳамаи донишҷӯёне, ки ба Мариупол рафтанд, аъзои ихтиёрии отряди донишҷӯёни “Искра” буданд. Аз ин рӯ, ба Мариупол рафтани онҳо эҳтимол тасмими шахсии онҳо бошад.

Фарзанди ман дар Русия таҳсил мекунад. Ӯро ҳам ба сифати таҷрибаомӯзӣ ба чунин корҳо фиристода метавонанд?

Мувофиқи қоидаҳои Вазорати маориф ва илми Русия, давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ метавонад бевосита дар худи мактаби олӣ ё дар ташкилоте, ки мактаби олӣ бо он қарордод бастааст, гузаронида шавад.

Барои ҳамин посух – бале аст. Донишгоҳ дарвоқеъ ҳам метавонад донишҷӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба ҳама гуна ташкилоте, ки бо он шартнома бастааст, фиристад, аз ҷумла ба Мариупол.

Лекин айни замон дар бораи маҷбурӣ ба Мариупол фиристодан хабарҳои пурсарусадо набуданд, донишҷӯён ихтиёрӣ мерафтанд.

Боз дигар ҳолатҳои маҷбур кардани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ҷой доштанд?

Дар давраи COVID-19 донишҷӯёни муассисаҳои таълимии тиббиро маҷбурӣ ба таҷрибаомӯзии ғайринавбатӣ ба дармонгоҳҳое мефиристоданд, ки дар онҳо бо коронавирус муқовимат мекарданд.

Маслан, дар ин бора донишҷӯёни Донишгоҳи Сеченовскии Маскав ва Донишгоҳи давлатии тибббӣ дар Ярославл шикоят карда буданд. Аз ин рӯ, бале, чунин ҳолатҳо ҷой доштанд.

Пешгирӣ аз ҳолате, ки вақте мактаби олӣ донишҷӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба ҷойе мефиристаду ӯ инро намехоҳад, чӣ гуна имкон дорад?

Метавон аз рӯи ихтисос ба кор даромад – ин аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гузаштан шуморида мешавад.

Донишҷӯёне, ки таҳсил мекунанду ҳамзамон кор мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки таҷрибаомӯзиро дар ҷойи фаъолияти кориашон гузаранд, лекин танҳо дар ҳолатҳое, ки агар корашон ба самти таҳсилашон мувофиқ бошад.

Яъне агар донишҷӯ дар соҳаи сохтмон таҳсил мекарда бошад, пас кораш ҳам бояд дар соҳаи сохтмон бошад. Агар ин тавр набошад, он таҷрибаомӯзӣ шуморида шуда наметавонад.

Чӣ мешавад, агар ин кумак накунад?

Дар сурати ба охир расидани таҷрибаомӯзӣ донишҷӯ бояд дар бораи аз таҷрибаомӯзӣ гузаштан ҳисобот таҳия карда, онро ҳимоя намояд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунад. Чунин ҳолат ҳам шуда метавонад, ки мактаби олӣ таҷрибаомӯзиеро, ки донишҷӯ онро бо интихоби худаш дар ташкилот гузаштааст, эътироф накунад.

Агар фаъолияти донишҷӯ ба самти таҳсили ӯ мувофиқ бошад, пас барои рад шудани эъирофи чунин давраи таҷрибаомӯзӣ, шумо метавонед ба департаменти минтақавии маориф ё прокуратура бо шикоят аз амали раҳбарияти мактаби олӣ муроҷиат кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.