Эмомалӣ Раҳмон бо президенти JICA масоили кумакҳои минбаъда ба Тоҷикистонро баррасӣ кард

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август президентии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танакаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, аз сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои гуногун, хусусан барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нушокӣ, беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётию роҳҳои мошингард, авиатсия, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ, энергетика ва идоракунии сарҳади давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

“Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва амалисозии ҳадафҳои стратегии давлати мо дар доираи Барномаи кишварии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳор доштанд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатнокии кишвар, рушди инфрасохтори саноат ва содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби маблағҳо барои андешидани чораҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, коҳиш додани таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ҳамчун афзалияти муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...