Бозпурсии Адахон Мадумаров дар доираи як парвандаи дигар

Раиси боздоштшудаи ҳизби “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаровро 23 сентябр дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҳудуди 5 соат бозпурсӣ кардаанд. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад. Вакили дифои сиёсатмадор Майрамбек Жумабеков гуфтааст, як сокини маҳаллӣ бо номи Чингиз Абдумомунов ба пулис шикоят кардааст, ки соли 2015 ба “Бутун Қирғизистон” 50 ҳазор доллари амрикоӣ дода буд ва […]

Asia-Plus

Раиси боздоштшудаи ҳизби “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаровро 23 сентябр дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҳудуди 5 соат бозпурсӣ кардаанд.

Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад.

Вакили дифои сиёсатмадор Майрамбек Жумабеков гуфтааст, як сокини маҳаллӣ бо номи Чингиз Абдумомунов ба пулис шикоят кардааст, ки соли 2015 ба “Бутун Қирғизистон” 50 ҳазор доллари амрикоӣ дода буд ва ҳоло мехоҳад онро баргардонад.

“Мадумаров гуфт, ки аз он замон 8 сол гузаштааст ва дар ин бора чизе намедонад. Ҳизб ҳам аз номзадҳо пул намегирад ва дар Оинномаи ҳизб низ чунин меъёр вуҷуд надорад”, – изҳор доштааст вакили дифоъ.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон то ҳол бозпурсии Мадумаровро шарҳ надодааст.

Адахон Мадумаровро рӯзи 2-юми сентябр неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек боздошт карданд. Бегоҳи он рӯз додгоҳ ӯро то 24-уми октябр ба ҳасби пешакӣ гирифт.

Вакили мудофеъ Гуляна Убалиева гуфт, ки сиёсатмадорро дар “хиёнат ба давлат” гумонбар мекунанд. Вай тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст.

Дар хусуси тафсилоти боздошти Адахон Мадамаров ва таъсири эҳтимолии он ба раванди музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон метавонад аз матлаби “Чаро Мадумаров боздошт шуд ва он ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон чӣ таъсир мерасонад” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио