Сарвазири Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт

Cарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кориаш ба вилояти Хатлон рӯзи 3 октябр дар маросими ифтитоҳи як қатор иншшот ширкат варзид. Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сарвазир бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, инчунин ду бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи […]

Asia-Plus

Cарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кориаш ба вилояти Хатлон рӯзи 3 октябр дар маросими ифтитоҳи як қатор иншшот ширкат варзид.

Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сарвазир бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, инчунин ду бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд.

Гуфта мешавад, дар идома Қоҳир Расулзода бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Абдусолеҳ» ва «Ҳоҷидавлат»-и ноҳияи Кӯшониён шинос шуд.

Дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Бохтар бо ҳузури сарвазир меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ ва маркази саломатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас сарвазири мамлакат бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов шинос шуд. Хоҷагӣ хоҷагиҳои калон дар ҳудуди ноҳия ва вилоят ба ҳисоб рафта, 1506 гектар заминро фаро мегирад. Дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.